Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эрон хостори коҳиши ҳамкорӣ бо IAEA шудааст

Порлумони Эрон аз ҳукумати ин кишвар хостааст, ҳамкориҳояшро бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (IAEA) бознигарӣ кунад. Сухангӯи маҷлис Алии Лориҷонӣ гуфт, пас аз гузориши ахири ин ниҳоди Созмони Милал дар бораи Эрон чунин бознигарӣ зарур аст. Вай ба гузорише ишора кард, ки Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ рӯзи сешанбе мунатшир кард ва дар он гуфта мешавад, Эрон озмоишҳое анҷом додааст, ки ба “бунёди абзори инфиҷори ҳастаӣ” рабт доранд. Лориҷонӣ гуфт, Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ба абзори сиёсии Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он табдил ёфтааст. Бино бар хабарҳо, ба кумитаи махсуси порлумонӣ супурда шудааст, ки роҳҳои коҳиши ҳамкорӣ бо бунгоҳи Созмони Милалро баррасӣ кунад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Муроҷиати муҳоҷирони тоҷик барои кӯмак ба ҳомиёни ҳуқуқ зиёд шудааст

Русия яке аз кишварҳои аслии муҳоҷирпазири Тоҷикистон аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, ки муроҷиати муҳоҷирони дармонда дар ин кишвар ва дар аҳди пандемия ба онҳо зиёд шудааст. Шуҳрат Қудратов, вакили дифо ва ҳомии ҳуқуқ, ки дар “Маркази тоҷикон” дар Маскав кор мекунад, рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзу шаб даҳҳо нафар ба онҳо барои машварату гирифтани кумаки ҳуқуқӣ занг мезананд.

Ӯ гуфт: “Ҳамин шанбе 10 муҳоҷир бо телефон ба марказ тамос гирифтанд, ки бархеи онҳо патент надоштаанд, бархеи дигарро боздошт карда, будаанд. Мо бо ёрдами ихтиёриёни хайрхоҳ ба ҷои ҳодиса меравем ва ба масъалаи корафтодаҳо расидагӣ мекунем.”

Бинобар маҳдудиятҳои пандемияи коронавируси нав дар Русия ҳазорон муҳоҷири тоҷик ба мушкилот гирифтор шуда ва ё бекор мондаанд. Масъулони “Маркази тоҷикон” мегӯянд, бинобар зиёд шудани муроҷиатҳо ба кори шабонарӯзӣ ва 24 соата гузаштанд, то ба муроҷиати муҳоҷирони тоҷик саривақт посух диҳанд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва азбаски ҳазорон нафари онҳо бе санади расмӣ ва иҷоза кор мекунанд, ба мушкилот дучор мешаванд ва садҳо нафарашон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ меафтанду, муддатҳои тулонӣ дар онҷо мемонанд.

Попи Рум бо Оятуллоҳ Сиистонӣ дар Наҷаф мулоқот кард

Попи Рум ҳангоми мулоқот бо Оятуллоҳ Сиистонӣ дар Наҷаф

Попи Рум Франсис дар нахустин сафараш ба Ироқ, бо яке аз бонуфузтарин рӯҳониёни ин кишвар Оятуллоҳ Алӣ ал Сиистонӣ дидору гуфтугу кард. Дар ин вохӯрӣ дар шаҳри Наҷаф, Попи Рум дар бораи ҳамзистии осоиштани намояндагони мазҳабҳои гуногун ва ҳимоят аз ҳаққи масеҳиёни ироқӣ суҳбат кард.

Сафари раҳбари католикҳои ҷаҳон ба Ироқро мустақим дар телевизион намоиш доданд ва мардум бо дидани мулоқоти ду руҳонии муътабар изҳори хурсандӣ мекарданд. Ал- Сиистонӣ яке аз руҳониёни бонуфузи Ироқ аст ва шиамазҳабони тамоми ҷаҳон низ ба ӯ эҳтиром доранд. Баъди мулоқоти паси дарҳои баста, Оятуллоҳ Сиистонӣ бо нашри як баёнияе гуфт, масеҳиёни Ироқ бояд дар сулҳу оромиш зиндагӣ кунанд ва аз айни ҳуқуқе баҳраманд бошанд, ки дигар ироқиҳо доранд.

Ватикан гуфт, ки Попи Рум ба Ал-Сиистонӣ ва мардуми шиамазҳаб барои ба ҳимояти “заифтарину таъқибшудатарин гуруҳ” изҳори сипос кардааст. Дар гузашта дар Ироқ тақрибан 1 миллиону 400 ҳазор масеҳӣ ва аз ҷумла католикҳо зиндагӣ мекарданд, вале баъди ҳамлаи Амрико дар соли 2003 ва нооромиҳои баъди он бисёре аз онҳо гурехтанд. Ҳоло дар Ироқ 300 ҳазор масеҳӣ мондааст ва бисёре аз он ҳам беҷо шудаанд.

Сарватманди украиниро аз ҳаққи рафтан ба Амрико маҳрум карданд

Игор Коломойский дар порлумони Украина даҳҳо тарафдор дорад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, Игор Коломойский, яке аз соҳибкорони сарватмандтарини Украинаро аз ҳаққи вуруд ба он кишвар маҳрум карданд. Қарори мазкурро аломате аз мавқеъгирии сахтгиронаи раиси ҷумҳур Ҷо Байден медонанд, ки мехоҳад, ҳукумати Украина ба зидди фасодкории густурда мубориза барад.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 5-уми март қарори аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум кардани Игор Коломойскийро эълон кард ва гуфт, ки “талошҳои феълӣ ва идомадори Коломойский барои халалдор кардани ҷараёнҳо ва аркони демократия дар Украина барои ояндаи ин кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.”

Мунтақидони Коломойский мегӯянд, ки ӯ саъй дорад, ислоҳоти лозимии сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла дар низоми додгоҳӣ ва бонкдории Украина сурат нагирад. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо тарафдори ин ислоҳот ҳастанд ва ба гуфтаи мунтақидон барои ҷилавгирӣ аз ислоҳот даҳҳои вакили тарафдори Коломойский ба ӯ кумак мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин зану фарзандони Коломойскийро аз ҳаққи вуруд ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум сохтааст.

WHO аз кишварҳои ҷаҳон хост, эҳтиёткор бошанд

Инҷо Рум аст...

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор додааст, ки бо раҳандозии маъракаи васкинзанӣ ба зидди COVID-19 маҳдудиятҳои гаштугузор набояд камтар карда шавад, зеро мумкин аст, вирус дигарбора дар кишварҳои ҷаҳон васеъ паҳн шавад. Айни замон коронавируси нав дар Бразилия ва чанде аз кишварҳои Аврупо бедодгарӣ мекунад ва маргу мир аз он ҳам афзудааст.

Майк Райан, яке аз мудирони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 5-уми март гуфт, ки пандемия ҳануз аз марҳилаи нобудӣ дур аст ва “Агар кишварҳои ҷаҳон эҳтиёт накунанд, мо шоҳиди авҷи саввум ва чаҳорумбораи беморӣ мешавем.” Ҳушдори созмон дар замонест, ки дар Амрико суръати сироят сусттар шудааст ва баръакс ваксинзанӣ суръат мегирад.

Айни замон баъзе иёлатҳо маҳдудиятҳоро барои беҳтар кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ камтар кардаанд. Дар Бразилия, ки навъи нави вирус босуръат доман паҳн мекунад, ин ҳафта теъдодии рекордии беморон ва маргумир аз СОVID-19 сабт шуд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ авзоъ дар Бразилияро “бисёр нигаронкунанда” хонда ва аз сирояти вирус аз онҷо ба кишварҳои дигари Амрикои Лотинӣ ҳушдор додааст.

Тарма дар Бадахшони Афғонистон 14 нафарро куштааст

Инҷо як обанбори Вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки бо Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз мебошад.

Дар натиҷаи тарма ва ё баҳман дар як кони тило дар шимоли Афғонистон камаш 14 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки тарма рӯзи 4-уми март дар як гӯшаи дурдасти вилояти Бадахшон сурат гирифтааст, ки зери назорати Толибон аст.

Фарид Некфар, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Бадахшон гуфтааст, ки ҷасади 12 нафарро аз зери барф берун кашидаанд ва ҷустуҷуи ҷасади ду нафари дигар идома дорад.

Некмуҳаммад Назарӣ, сухангӯи ҳукумати Вилояти Бадахшон гуфтааст, ки тарма дар рустои Зарандоб, дар ноҳияи Роғистон ҷони 15 нафарро гирифта, панҷ каси дигарро маҷруҳ кардааст. Бо расидани баҳор, тармаву сел дар Афғонистон зиёд мешавад.

Асомуддинзода барканор шуд. Раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистонро иваз карданд

Тоҷиддин Асомуддинзода

Тоҷиддин Асомуддинзода, раиси ягона Донишкадаи исломӣ дар Тоҷикистон, аз мансабаш барканор шуд. Дар ин бора рӯзи 5-уми март қарори ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд, вале дар он сабаби барканориро нагуфтаанд.

Асомуддинзода 49-сола аст ва аз соли 2015 дар ин мансаб кор мекард. Вай дар гузашта дар Кумитаи дини Тоҷикистон сардори бахш ва як муддат муовини раис буд.

Бо қарори дигари ҳукумат, ки рӯзи ҷумъа тасвиб шуд, Нусратулло Зокирзода раиси нави Донишкадаи исломӣ таъйин гардидааст.

Солҳои пеш дар Тоҷикистон тақрибан 20 мадраса сабтином шуда буд. Бо гузашти замон онҳо баста шуда, танҳо як Донишкадаи исломӣ дар Душанбе монд, ки он ҳам қисман ба таълими динӣ машғул аст. Ҳоло дар Донишкадаи исломӣ 879 кас мехонанд.

Дар чанд соли охир дар Тоҷикистон даҳҳо рӯҳониро барои таълими динии, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунӣ дастгиру муҷозот кардаанд. Созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд, вале мақомоти тоҷик ҳамеша интиқодҳоро беасос ва рафтори худро барои таъмини амният дар кишвар дурусту қонунӣ мешуморанд.

Cафорати ИМА бо 110 ҳазор доллар барои Горди миллии Тоҷикистон чоҳи об сохт

Бо пуштибонии молии Сафорати ИМА дар Душанбе барои таъмини оби нушокӣ ба Горди миллии Тоҷикистон бо арзиши 110 ҳазор доллар як чоҳ сохта шуд.

Ба иттилои Сафорати Амрико, дар маросими мавриди истифода қарор додани ин чоҳ, муовини Фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон генерал-майор Ҷонибек Ализода ва Атташеи низомӣ дар Сафорати Амрико подполковник Ҷошуа Мадлингер ширкат доштанд.

Бунёди ин тарҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар аз тарафи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар соли 2011 ҳам Сафорати Амрико ба миқдори 3,1 миллион долллар барои бунёди Маркази таълимии Горди миллӣ кӯмак карда буд.

Амрико дар 29 соли ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон садҳо миллион доллар кумак кардааст.

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст.

Попи Рум бо як сафар таърихӣ вориди Ироқ шуд

Поп Франсисро дар фурудгоҳ нахуствазири Ироқ Мустафо ал-Козимӣ пешвоз гирифт

Ҳавопаймои попи Рум Франсис дар чаҳорчӯби нахустин сафари таърихии раҳбари калони католикҳои ҷаҳон дар фурудгоҳи Бағдод поин шуд. Ироқ нахустин маконе шуд, ки Попи Рум дар паи пандемияи коронавирус ба он ҷо сафар мекунад. Франсис дар фурудгоҳи Бағдод 5-уми март ба хабарнигорон гуфт, “хушбахтам, ки сафарам барқарор шуд ва ин сафари рамзӣ ба сарзаминест, ки давоми солиёни зиёд азият шудааст”. Дар ҷараёни сафари чоррӯзааш ба Ироқ ӯ ба мулоқоти ҷомеаи масеҳиёни ин кишвар рафта, ҳамчунин аз муколамаи байни динҳо сӯҳбат мекунад, бо раҳбари шиаёни ин кишвар Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Рӯҳонии 84-сола қарор аст дар варзишгоҳи марказии шимоли Ирбил ҳам як намози дастаҷамъӣ барпо кунад. Барои таъмини амнияти раҳбари католикҳои ҷаҳон дар Ироқ ҳазорҳо кормандони амниятӣ ҷалб шудаанд.

Гурҷистон ҳам ба рӯи тоҷикистониҳо дарҳояшро боз кард

Роҳ ба сӯи фурудгоҳи Тифлис

Нахуствазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ қароре имзо кард, ки бар асоси он, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ҳақ доранд бар асоси тести манфии коронавирус ба ин кишвар ворид шаванд. Мақомоти Гурҷистон дар як изҳорот таъкид карданд, ки тести мусофирон бояд на дертар аз 72 соат то замони ворид шудан ба Гурҷистон супурда шавад. Гурҷистон гуфт, ки бо сабаби мусоид шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар ин кишвар аз 1 феврал ҳама монеаҳо барои парвозҳои ҳавоиро бекор мекунад.

Дар паи манъи маҳдудиятҳои парвоз, ҳамакнун, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба Алмаато (Қазоқистон), Кобул (Афғонистон), Истамбул (Туркия), Дубай (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) ва Тошканд (Узбекистон) сафар кунанд. Русия ҳанӯз марз ва роҳҳои ҳавоиву нақлиётиаашро баста нигоҳ медорад. Барои бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз бозори кори Русия вобаста ҳастанд, интизорӣ аз боз шудани хатсайрҳои маъмулӣ бо ин кишвар масъалаи рақами як шудааст.

Дар Мянмар як эътирозгари дигар кушта шуд

Шаҳри Янгон, 1 март. Эътирозгарон барои ҳимояти худ ба даст сипар гирифтаанд

Нирӯҳои амниятӣ дар Мянмар рӯзи 5 март ҳам ба сӯи эътирозгарони ғасби қудрат дар моҳи феврал оташ кушода як нафарро кушта бар ҷой гузоштанд. Вазъи Мянмар дар маркази баррасиҳои Шӯрои амнияти СММ қарор мегирад. Бо ин вуҷуд, ки дар паи саркӯбҳои эътирозҳо дар чанд рӯзи гузашта беш аз 50 нафар кушта шуданд, мардум аз эътироз даст намекашанд. Ба иттилои дарёфтӣ, 1700 нафари дигар боздошт шудааст. Хушунат алайҳи эътирозгарон дар Мянмар боиси маҳкумияти байналмилалӣ шуд. Муҳаққиқи ҳуқуқи башари СММ Томас Эндрюс аз Шӯрои амнияти СММ хост, ки нисбати ҳукумати феълии Мянмар таҳримсилоҳ ва таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ шавад. Инчунин ӯ хост, ки кори низомиёни даст ба ғасби қудратзада ба Додгоҳи ҷиноятҳои ҷиноии байналмилалӣ ирсол шавад. Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ 5 март баргузор мешавад.

HRW гуфт, тарҳи конститутсияи Қирғизистон набояд қабул шавад

Содир Ҷабборов дар мақоми президенти Қирғизистон ба Қазоқистони ҳамсоя сафар кард

Human Rights Watch (HRW) аз Қирғизистон тақозо кард, тарҳи конститутсияи нави ин кишварро, ки моҳи феврал ба парлумон ироа шуд, бо сабаби нақз кардани ҳуқуқи инсон ва роҳ доданаш ба имкони сӯиистифода аз қудрат қабул накунад. Сайнат Султоналиева, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар HRW гуфт, “тарҳи конститутсия ба меъёрҳои ҳуқуқи башар, ки Қирғизистон ба риояи он тааҳҳуд кардааст, посухгӯ нест”. Аз октябри соли 2020, вақте дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуду бо сабаби эътирозҳо аз тақаллуб натиҷаҳояш бекор гардид ва президент Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафт, ин кишвар дар як бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад. Он замон Содир Ҷабборов дар қатори чанд сиёсатмадори дигари зиндонӣ ба озодӣ баромад. Ҷабборов, ки барои гаравгонгирии октябри соли 2013 ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар авҷи эътирозҳо озод шуду тавонист дар интихоботи президентии моҳи январ пирӯз шавад. Баъди ин ӯ ба тағйироти конститутсионӣ даст зад. Барои ба референдум ё ҳамапурсии мардумӣ гузоштани тарҳи нави конститутсия 80 овози тарафдори вакилон кофӣ мебошад. HRW мегӯяд, тарҳи нави конститутсия набояд ҳоло қабул шавад ва танҳо баъди интихоботи парлумонӣ дар баҳсу баррасиҳои ҳамаҷониба бояд аъзои нави парлумон онро таҳияву баррасӣ кунад.

Ҷоизаи амрикоии "Зани шуҷоъ" ба Колесникова ва 13 зани дигари фаъол тақдим мешавад

Мария Колесникова, як узви раҳбарияти мухолифони Беларус соли гузашта ба зиндон андохта шуд

Имсол ИМА 14 зани “фавқулодда”-ро аз Эрону Беларус ва дигар кишварҳо қадрдонӣ мекунад, ки раҳбарӣ, ҷасорат, тавонмандӣ ва иродаашонро барои дигарҳо қурбон карданд. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар маросими вижае 8 март, ки ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон барпо мешавад, корнамоиҳои Мария Колесникова, як узви мухолифони Беларус ва Шӯҳра Баят, як довари шоҳмот ва мухолифи пӯшидани либоси маҷбурии исломӣ дар Эронро қадрдорӣ мекунад. Дар миёни дигар барандаҳо ҳафт хонум аз Афғонистон ҳам ҳастанд, ки барои хидмат ба ҷомеаҳои худ кушта шуданд.

Ҷоизае, ки бо номи “Зани шуҷоъ” маъруф аст, имсол бори 15-ум тақдим мешавад ва ин мукофот ба заноне дода мешавад, ки дар ҷомеаҳои кишварҳои худ тавонистанд барои сулҳу субот, адолат, ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва баробарии ҷинсиятӣ мубориза баранд.

Соли 2014 ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова ҳам ҳамчун нахустин намояндаи Тоҷикистон ба бурдани ин ҷоиза мушарраф шуд. Ҳафт сол пеш ҷоизаи “Зани шуҷоъ”-и департаменти давлатии ИМА-ро ба Бобоназарова ҳамсари президенти ИМА Мишел Обама тақдим кард.

Ин ҷоиза соли 2007 аз ҷониби котиби давлатии ИМА Кандализа Райс таъсис шудааст. Ойниҳол Бобоназарова, ки ба вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон нигоҳи интиқодӣ дорад, соли 2013 нахустин зан дар таърихи Тоҷикистон буд, ки хост дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Чин аз паи тағйири қонуни интихоботи Ҳонгконг шуд

Эътирозҳои Ҳонгконг

Чин, дар иқдоми навбатиаш барои маҳдуд кардани садои мухолифон дар Ҳонгконг, эълон кард, ки системаи интихоботии ин қаламравро бекор мекунад. Парлумони Чин дар ҷаласаи рӯзи 5-уми март тағйирот ба қонуни интихоботи Ҳонгконгро қабул мекунад. Ван Чен, раиси як кумитаи парлумонии Чин гуфт, ки низоми интихоби раҳбари Ҳонгконг дигар шавад, чунки, ба гуфааш, тавассути бархе имкониятҳои қонуни интихоботи Ҳонгконг фаъолияти ҷонибдорони истиқлолияти Ҳонгконг имконпазир мешавад. Ван гуфт, ки Чин ҳаҷм, шакл ва шеваи кори кумитаи интихоботиро иваз мекунад, то ки раҳбарияти ин минтақа тавони интихоб кардани қонунгузоронро дошта бошанд. Ин тағйирот ба конститутсияи кишвар ҳам ворид хоҳад шуд. Ҳонгконг як бахше аз Чин аст, вале аз рӯи принсипи “як кишвар ва ду система” амал мекунад, ки ин шаҳр имкон ва ҳуқуқи озодии баён ва озодии матбуотро дар ин ҷо фароҳам мекунад. Вале гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳам демократияҳои ғарбӣ Пекинро барои саркӯби ин озодиҳо интиқод мекунанд. Намоишҳои эътирозии Ҳонгконг дар солҳои охир, ба вижа соли 2019 аз ҷониби Пекин саркӯб шудаанд.

Дар суқути чархболе дар Туркия 11 низомӣ ҷон бохтанд

Ҷойи ҳодиса

Дар натиҷаи суқути як чархбол (вертолет) дар вилояти Битлис, дар шарқи Туркия, 11 низомӣ ҷон бохта, се каси дигар захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи чаҳоруми март иттифоқ уфтодааст.

Дар миёни ҷонбохтагон генерал Усмон Эрбаш низ будааст. Вай бахши ҳаштуми нерӯҳои хушкигарди Туркияро фармондеҳӣ мекард.

Бино ба маълумоти муқаддамотӣ (пешакӣ, ибтидоӣ), сабаби суқути чархбол ҳавои номусоид ё нуқс (камбуд)-и техникии чархбол аст.

Дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг, дар мавриди ҳалокати низомиёни турк ҳамдардӣ баён кардааст.

Попи Рум гуфт, ба ҷустуҷӯйи "оштӣ" ба Ироқ меравад

Поп Франсис дар роҳ ба сӯйи Ироқ. 5-уми марти 2021

Раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи 5-уми март сафари чаҳоррӯзаи худро ба Ироқ оғоз кард. Поп Франсис дар остонаи сафараш гуфт, ҳамчун "зоири сулҳ" ба ин кишвари ҷангзадаи аксаран мусулмоннишин дар Ховари Миёна меравад.

Попи 84-сола дар муроҷиати видеоӣ рӯзи 4-уми март гуфт, "ба баҳои сангине, ки масеҳиёни Ироқ дар даҳсолаҳои охир пардохтаанд", арзиши воло қоил аст ва дар айни замон афзуд, "ба хоҳарону бародарони мазҳабҳои дигар низ даст хоҳад дод".

Ӯ хитоб ба мардуми Ироқ гуфт: "Орзу мекунам, ки чеҳраҳои Шуморо бибинам, мулоқот кунам, аз сарзамини Шумо, гаҳвораи тамаддуни бостонӣ, дидан кунам."

"Ҳамчун зоир, як зоири тавбахоҳ меоям, то пас аз солҳо ҷангу терроризм аз Худованд дархости омурзиш ва оштӣ кунам", -- афзуд Поп Франсис.

Ин сафари нахустини хориҷии Попи Рум аз оғози паҳншавии бемории коронавирус аст. Ба истиқболи ӯ дар Бағдоду Наҷаф аксҳояшро насб кардаанд. Қарор аст, раҳбари католикҳои ҷаҳон то 8-уми март дар баъзе аз чорабиниҳо дар Ироқ иштирок кунад.

Дар Қирғизистон Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодиро барҳам медиҳанд

Ҳукумати Қирғизистон қарор кардааст, ки Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ин кишвар барҳам дода шавад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ин қарорро сарвазири он кишвар Улукбек Марипов имзо кардааст.

Дар ҳукумати Қирғизистон гуфтанд, ҳаҷми иқтисоди соягӣ дар оморҳои расмӣ 130 млрд сом ё 23,6 % ММД нишон дода мешавад. Дар ҳоле ки коршиносони мустақил мегӯянд, он 24-43% ММД аст. Ин бозгӯи он аст, ки Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон вазифаҳои худро ба таври зарурӣ анҷом дода наметавонад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов чанде пеш дар Фейсбук навишт, ки шарт нест, вазорат ё ниҳоди дигаре барои шахсони алоҳида ҳифз карда шавад.

Дар Қирғизистон соли 2012 пулиси молӣ барҳам дода шуда, ба ҷои он Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ таъсис гашт.

Дар Алмато сокинон озодии маҳбусони сиёсиро талаб карданд

Эътироз дар Алмато. 4 март, 2021.

Рӯзи 4--уми март дар шаҳри Алматои Қазоқистон се сокини маҳаллӣ бо навбат дар назди ёдгории Истиқлол дар майдони Ҷумҳурӣ гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Онҳо озодии маҳбусони сиёсӣ, кам кардани маоши вакилони порлумонро талаб карданд. Яке аз эътирозгарон ба додгоҳ кашидани ҳокими пешини шаҳри Алмато Бауирҷон Байбекро талаб кард. Байбек дар фасодкорӣ гумонбар мешавад.

Дариға Раҳим, яке аз эътирозгарон номи 27 маҳбуси сиёсиро дар варақ навишта озодии онҳоро аз ҳасб талаб кард.

Дар ҳафтаҳои охир дар Қазоқистон эътирозҳои сокинон зидди сиёсатҳои давлат афзудааст. Сокинон бештар аз мақомот қатъи таъқиби фаъолон, озодии маҳбусони сиёсӣ, кӯмак ба модарони танҳо, бештар кардани маошу дигар пардохтҳои давлатиро талаб мекунанд.

Президенти Қирғизистон ба Узбекистон меравад

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев рӯзи 4-уми март хабар дод, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар рӯзҳои наздик ба чанд кишвар сафар мекунад.

Ба гуфтаи вай, рӯзҳои 11-12 март Ҷабборов ба Узбекистон ва баъди он ба Тоҷикистону Туркманистону Чин сафар мекунад.

Содир Ҷабборов рӯзҳои 2-3 март бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон рафт. Вай бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев, президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигар шахсони расмии он кишвар мулоқот кард.

Пеш аз сафар ба Қазоқистон Ҷабборов ба Русия рафта буд.

Пулиси Мянмар дубора сӯи эътирозгарон оташ кушод

Пулиси Мянмар барои пароканда кардани эътирозҳои зидди ҳукумати низомиён аз аслиҳа ва гази ашковар истифода кард.

Сарфи назар аз он ки рӯзи 3 март дар натиҷаи пароканда кардани эътирозгарон 38 одам кушта шуд, рӯзи панҷшанбе дубора дар чанд шаҳри Мянмар сокинон ба кӯча баромаданд. Дар бораи қурбониёни рӯзи панҷшанбе ҳоло маълумот нарасидааст.

Дар шаҳри Янгон, пойтахти Мянмар ҳазорон эътирозгар ба кӯча баромада, озодии роҳбари мардумӣ Аун Сан Су Чжиро талаб карданд.

Ба навиштаи расонаҳо, аз ибтидои табаддулоти низомӣ - аз рӯзи 1 феврал то кунун - дар Мянмар на камтар аз 54 кас кушта шудааст. Бештар аз 1700 каси дигар, аз ҷумла 29 рӯзноманигор боздошт шудааст.

Иттиҳоди Аврупо истифодаи силоҳ зидди эътирозгарони осоиштаро дар Мянмар маҳкум кард.

Қарор аст, имрӯз, 5 март Шӯрои Амнияти СММ пӯшти дарҳои баста вазъ дар Мянмарро баррасӣ кунад.

Дар натиҷаи табаддулоти низомӣ дар Мянмар ҳукуматро низомиён ғасб карданд. Низомиён роҳбари ҳизби "Лигаи миллии тарафдори демократия" Аун Сан Су Чжиро боздошт карданд, ки ҳизби вай дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2020 пирӯз шуда буд. Низомиён ҳизби ӯро дар тақаллубкорӣ айбдор мекунанд. Низомиён тасмим доранд, як сол баъд интихоботи нави порлумонӣ баргузор кунанд. Дар Мянмар сокинон зидди ҳукумати низомиён эътироз доранд.

Дар стратегияи амнияти миллии ИМА Чин рақиби асосӣ номида шуд

Энтону Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА.

Дар стратегияи миллии муваққатии ИМА, ки ахиран аз номи президент Ҷо Байден ба нашр расид гуфта шудааст, Русия тавсеаи нуфузи худ дар ҷаҳонро ҳадаф гузошта, бо ноустувор сохтани меъёрҳои мавҷуда дар арсаи ҷаҳонӣ нақши харобкоронаро мебозад.

"Ҳамчунин ин кишвар дар баробари Чин талошҳои зиёдеро барои заиф сохтани ИМА анҷом додааст, то Вашингтон натавонад манфиатҳои худу ҳампаймонҳояшро дар саросари ҷаҳон ҳимоят кунад", - омадааст дар стратегия.

Вале рақиби асосии ИМА дар арсаи ҷаҳонӣ на Русия, балки Чин номид шудааст. Чин ягона рақиби Амрико дониста шудааст, ки бо истифода аз тавонмандии иқтисодӣ, низомӣ, технологӣ ва талошҳои дипломатӣ метавонад барои низоми бозу устуворӣ байналмилалӣ хатар эҷод кунад.

Номи Русия ва Чин дар қисмати назорати таслиҳотӣ низ зикр шудааст, вале ҳамзамон қайд гашта, ки ИМА барои гуфтугӯ дар ин масъала ва дар умум, роҷеъ ба суботи стратегӣ омодааст. Дар стратегияи мазкур эътироф шудааст, ки низоми худкомагӣ ба демократия, аз ҷумла Амрико ва ҳампаймонони он хатар дорад.

Додгоҳи Алмато бонкдори пешин Ҷомарт Ертоевро 9 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон бонкдор Ҷомарт Ертоев ва соҳибкор Нурлан Тлеубоевро дар "дуздӣ"-и пули Бонки Авруоисё, Вank RBK ва Qazaq Banki айбдор эълом ва маҳкум ба зиндон кард.

Бар асоси қарори додгоҳ, Ертоев барои "ташкили дуздии амволи ғайр дар ҳаҷми махсусан калон" ва Тлеубоев "барои дуздӣ ва сохтакорӣ" 9-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҷониби айбдоркунанда гуфт, Тлеубоев бо мусоидати Ертоев ва ҳамкоронаш бо роҳи сохтакорӣ ва беасос пул қарз мегирифтааст.

Се гумонбари дигари парванда Олимҷон Тлеубоев, Серик Атабай ва Оксана Шестакова аз 5 то 5,5 сол зиндонӣ шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин айбдоршудаҳоро вазифадор кард, ки беш аз 167,8 миллиард танга ба созмонҳои молӣ ҷуброн ва ҳудуди 1 миллиард танга боҷи давлатӣ супоранд.

Пештар додгоҳи Алмато Ертоевро дар ғорати 329,5 ҳазор доллар аз бонки RBK айбдор ва 11 сол зиндонӣ карда буд. Вале худи Ертоев мегӯяд, ҳаргиз дар бонки мазкур фаъолият накардааст. Ӯро соли 2018 дар Маскав боздошт ва баъдтар ба Қазоқистон истирдод карданд.

Дар шарқи Афғонистон як пизишки занро куштаанд

Ду рӯз пеш дар Ҷалолобод се хабарнигори занро куштанд

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар пайи таркиши бомбе дар шаҳри Ҷалолобод, ки онро бахши дигар аз ҳамлаҳои ҳадафманд меноманд, як пизишки зан кушта шудааст.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯйи волии Нангарҳор, ки Ҷалолобод марказаш ҳаст, гуфт, дар мошине, ки пизишк нишаста буд, бомби миқнотисӣ ё магнитӣ гузошта будаанд. Дар ин ҳодиса як тифл захмӣ шуд.

Ба қавли Хугиёнӣ, пизишки зан дар шифохонаи хусусӣ дар Ҷалолобод кор мекард. То кунун масъулияти ҳамларо касе ва ё гуруҳе ба уҳда нагирифтааст.

Ду рӯз пеш дар Ҷалолобод се хабарнигори занро ба қатл расонданд ва масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба дӯш гирифт.

Дар моҳҳои охир ва дар пасманзари гуфтугӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон барои даст ёфтан ба сулҳ куштори хабарнигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони мақомот дар ин кишвар афзудааст.

Комиссия иҷозат дод, раиси Додгоҳи олии Қирғизистонро ба ҷавобгарӣ кашанд

Гулбара Калиева

Комиссияи интизомии Шӯрои додрасҳои Қирғизистон 4-уми март дар пайи баррасии дархости Додситонии кул иҷозат додааст, ки раиси Додгоҳи олии он кишвар Гулбара Калиева ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.

Худи Калиева дар ҷаласаи ҳузур надошт ва намояндаи ӯ хост, ҷаласа ба иллати бемор будани раиси Додгоҳи олии Қирғизистон ба таъхир гузошта шавад. Вале намояндаи Додситонии кулли он кишвар гуфт, қонун иҷозат медиҳад, ки масъала бе ҳузури Калиева баррасӣ шавад.

Бинобар ин, Комиссияи интизомӣ дархости додситониро бе ҳузури Калиева баррасӣ карда, иҷозат додааст, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳамчунин комиссия аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дархост хоҳад кард, ки Калиеваро муваққатан аз мақомаш барканор кунад.

Гулбара Калиева аз 22-юми сентябри соли 2018 раиси Додгоҳи олии Қирғизистон аст.

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев моҳи декабри соли 2020 хабар дод, ки ба зидди Гулбара Калиева бо гуноҳи "суистифода аз мақом" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Мо тамоми маводро ба Комиссияи интизомӣ додаем. Агар он розигӣ диҳад, мо ӯро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид. Ба назари мо, ӯ қонунро поймол карда, ба давлат зарар расондааст", - афзуда буд Тошиев.

Дар эътирозҳои зидди низомиён дар Мянмар 38 кас кушта шудаанд

Пахши эътирозҳо дар Мянмар

Дар саркӯби эътирозҳо ба зидди ҳукумати низомии тозаташкил дар Мянмар (Бирма) рӯзи чаҳоршанбе ба камияш 38 кас кушта шудаанд.

Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид барои Мянмар 3-юми мартро "рӯзи маргбортарин" баъд аз кудето ё табаддулоти аввали моҳи феврал дар ин кишвар номид.

Ӯ гуфт, бар асари хушунатҳо дар ин кишвар аз моҳи гузашта ба ин сӯ 50 нафар ҷон бохтаанд. Нақли шоҳидони айнӣ ва наворҳо аз маҳалли ҳодиса баёнгари онанд, ки пулис барои пароканда кардани эътирозҳо дар чандин шаҳри Мянмар аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода кардааст.

Раҳбарони кудето ҳукумати мунтахаби ин кишварро лағв ва раҳбарони онро зиндонӣ карданд. Фаъолон мегӯянд, садҳо нафар, аз ҷумла дастикам шаш хабарнигор, дар ин хушунатҳо дастгир шудаанд.

Бритониё хоҳони баргузории нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вазъияти Мянмар шудааст.

Баъд аз садамаи домоди Мирзиёев дар хадамоти муҳофизати президенти Узбекистон тафтиш шуруъ шуд

Отабек Умаров

Баъд аз садамаи Отабек Умаров, домоди Шавкат Мирзиёев, дар Хадамоти давлатии муҳофизати президенти Узбекистон тафтиш шуруъ шудааст. Манобеъ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир варзишкороне, ки бо Умаров пойга ташкил карда буданд, зери назорат гирифта шудаанд. Ин варзишкорон дар "Вайрон кардани тартиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ё истифодаи воситаи нақлиёт" гумонбар мешаванд.

Мирзиёв дастур додааст, дар бораи фаъолияти домод ва муҳофизаш дар моҳҳои охир гузориш таҳия карда шавад. Ба гуфтаи манбаи дигар, мототсикле, ки Отабек Умаров бо он садама кард, дар вақти ҳодиса бо суръати 180 километр дар соат ҳаракат мекард.

Отабек Умарови 36-сола баъд аз садама, ки шоми 13 феврали имсол рух дод, 15-уми феврал бо як ҳавопаймои махсус нахуст ба Маскав ва сипас ба Куриёи Ҷанубӣ интиқол дода шуд.

Умаров аз соли 2012 то 2016 дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, фаъолият дошт ва бо забони куриёӣ озодона суҳбат мекунад. Вай баъд аз садама гуфтааст, мехоҳад, дар Куриёи Ҷанубӣ табобат гирад.

Отабек Умаров, ки ҳамзамон муовини сардори Хадамоти амнияти роҳбари давлати Узбекистон аст, шоми 13-уми феврал дар маркази шаҳри Тошканд ба садамаи автомобилӣ дучор шуд. Манобеъ мегӯянд, ӯ бо мототсикл садама карда, пояш ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои манобеъ, ӯро нахуст дар шифохонае дар Тошканд бистарӣ ва пояшро шаш соат ҷарроҳӣ кардаанд. Гуфта мешавад, пойи рости вай аз 3 ҷо шикастааст.

Сомонаи flightaware.com, ки ба пайгирии парвози ҳавопаймоҳо машғул аст, нишон медиҳад, ҳавопаймои як ширкати хусусии тиббӣ аз шаҳри Ҳамбурги Олмон ба Тошканд омада, рӯзҳои 14 ва 15-уми феврал дар фурудгоҳи Тошканд қарор доштааст.

Пештар аз ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бо суръати баланд рондани нақлиёт аз сӯйи Отабек Умаров нашр мешуд. Тобистони соли 2019 вай дар кӯчаҳои Тошканд мошини навъи Tesla-ро бо суръати 200 км/соат ронд ва барои ин амал бештар аз 200 доллар ҷарима шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG