Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Берлусконӣ истеъфо медиҳад, аммо каме дертар


Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё, ба раиси ҷумҳури кишвараш гуфтааст, аз мақомаш канорагирӣ хоҳад кард, вале танҳо баъди онки барномаи эътидоли иқтисодӣ дар порлумон ба тасвиб бирасад. Қарор аст, раъйгирӣ дар мавриди барнома ҳафтаи оянда баргузор шавад. Ҳукумати Силвио Берлусконӣ дирӯз дар раъйгирии умда дар порлумон баранда шуд, аммо натавонист, раъйи аксарияти комилро, ки 316 раъй аст, ба даст биёрад. Дар ин раъйгирӣ муҳосиботи харҷи давлатии Итолиё дар соли 2010 қабул шуд, ки шарти аслии қабули буҷаи соли оянда аст. Раъйгирӣ дар замоне баргузор шуд, ки эътимод ба Силвио Берлусконӣ камтар шудааст ва нигарониҳо аз амиқтар шудани бӯҳрони қарзии Итолиё бештар мешаванд.
XS
SM
MD
LG