Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессори озарӣ барои танқиди ҳукумат аз мақомаш маҳрум шуд


Профессори академияи нафти Озарбойҷон баъди интиқод аз зиндоникунии як ҷавони фаъол, ки ба эътирозҳои зиддиҳукуматӣ тавассути Facebook даъват мекард, ба мақоми пасттар таъин шуд. Бахтиёр Ҳоҷиев, хатмкардаи Ҳарванд ва собиқ узви парлумони Озарбойҷон моҳи май ба мӯҳлати ду сол барои фирор аз хизмати сарбозӣ зиндонӣ шуд, вале ин ҳукуми ӯро тарафдоронаш чун қасдгирии мақомот барои интиқоди Озарбойҷон дар матбуоти иҷтимоӣ тавзеҳ медиҳанд. Профессор Рафиқ Алиев рӯзи 1 ноябр дар бораи қазияи Ҳоҷиев бо радиои Озодӣ сӯҳбат кард ва гуфт, вай намефаҳмад, ки чӣ тавр қонуни кишвар ба таври интихобӣ нисбати шаҳрвандони Озарбойҷон татбиқ мешавад. Чанд рӯз баъди ин профессори академия, муаллифи 70 китоби илмиро бо иттиҳоми вайронкунии Кодекси кор аз мақомаш сабукдӯш карданд. Узви вобастаи Фарҳангистони миллии улуми Озарбойҷон Алиев, ки 53 соли умрашро ба илм бахшидааст, аз вазифаи раиси факулта то ба мақоми устоди оддии донишгоҳ поин фароварда шуд.
XS
SM
MD
LG