Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ришсафеди афғон аз сӯиқасде ҷон ба саломат бурд


Волии Бағлон, минтақае дар шимоли Афғонистон мегӯяд, як маргталабе дар баробари манзили як ришсафеди маҳаллӣ худро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа, шаш ходими полис маҷрӯҳ шуданд. Волӣ Мушӣ Абдулмаҷид мегӯяд, ки раҳбари қабила Муллоалам аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст. Муллоалам узви Лоя ҷирга, маҷлиси пиронсолони кишвар ва як сиёсатмадорест, ки дар тамоси наздик бо ИМА буда, барои музокираҳо бо Толибон пофишорӣ дорад. Толибон ҳушдор додаанд, ки ҳар касеро, ки мехоҳад дар анҷумани моҳи ҷории Лоя Ҷирга иштирок кунад, нобуд хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG