Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз зоирин ба кӯҳи Арафот баромаданд


Имрӯз миллионҳо нафар зоири хонаи худо ба кӯҳи Арафот боло шуданд. Ин кӯҳ дар 19 километрии шаҳри Макка ҷой гирифтааст. Бино ба маълумоти мақомоти Арабистони Саудӣ зоирин имрӯзро дар кӯҳи Арафот бо намозу ниёиш ба сар мебаранд. Сипас рӯзи дигар, якшанбе Иди Қурбон ё Ид ал Адҳо оғоз мешавад. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 5,5 ҳазор нафар дар маросими ҳаҷ ширкат доранд. Дирӯз яке аз онҳо Аҳмад Бобокалонови 70 сола аз вилояти Суғд дар Макка даргузашт ва акнун тибқи суннатҳои мавҷуда вай дар Макка ба хок супурда мешавад. Дар Тоҷикистон ҳам рӯзи якшанбе Иди Қурбон фаро мерасад.
XS
SM
MD
LG