Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътимоди парлумони Юнон ба нахуствазири кишвар дар як раъйдиҳӣ имтиҳон мешавад


Имрӯз парлумони Юнон бояд дар заминаи эътимод ба нахуствазири кишвар Георгий Папандреу райъдиҳӣ барпо кунад. Овоздиҳӣ як рӯз баъди он барпо мешавад, ки Папандреу талаби истеъфо аз мақомашро рад кард. Вай дирӯз дар баробари маҷлис гуфт, ки дар фазои бӯҳрони молии баамаломада, вазифаи худро дар ҳифзи кишвар мебинад:

«Ман бе ҳеҷ як курсӣ начаспидаам. Дар ин бора ман бисёр гуфтаам ва ҳар рӯз бо кори худ инро собит мекунам. Ман ин бори сиёсиро шахсан ба дӯш гирифтаам. Ман гуфтам, ки омода ҳастам ва ҳеҷ парвои онро надорам, ки дубора интихоб мешавам ё на. Ман манфиатдори ҳифзи кишвар ҳастам ва мардум ҳам инро медонанд».

Созиши марбут ба кандани қарзи Юнон аз ҷиддитарин бӯҳронҳои ин кишвар ба шумор меравад, ки ба обурӯи он зарба мезанад. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, ки агар Юнон ин созишро напазирад, бояд на фақат аз минтақаи таҳти нуфузи Евро, балки аз узвияти иттиҳод ҳам хориҷ шавад.
XS
SM
MD
LG