Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибон дар Ҳирот ду кушта бар ҷой гузошт


Ҷангҷӯён дар Афғонистон, аз ҷумла бомбгузорони маргталаб ба як ширкати амниятии ҳамкори НАТО ҳамла карда ва ду посбони онро куштанд. Масъулияти ин ҳамла дар вилояти Ҳиротро Толибон бар дӯш гирифтанд. Муҳиддин Нурӣ, сухангӯи волии Ҳирот гуфт, ҳамла дар дами дарвозаи ин ширкат ва начандон дур аз фурудгоҳи шаҳр сурат гирифт, ки дар натиҷа панҷ тани дигар аз ҷумла як сарбози хориҷӣ захмҳои сатҳӣ бардоштанд. Ӯ афзуд, ду нафар аз бомбгузори интиҳорӣ мошинҳои худро дар назди дарвоза мунфаҷир карданд ва се тани онҳоро нерӯҳои амниятӣ қабл аз бомбгузорӣ аз пой дароварданд. Масъулияти таъмини амнияти Ҳиротро моҳи июл худи нерӯҳои Афғонистон бар ӯҳда гирифтанд.
XS
SM
MD
LG