Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар ду шаҳри ҷанубии Қирғизистон


Ҳаводорони номзадҳои шикастхӯрда дар интихоботи Қирғизистон Қамчибек Тошиев ва Адахон Мадумаров дар ду шаҳри ҷанубии ин кишвар тазоҳурот мекунанд. Аз ҷумла дар шаҳри Ҷалолобод бештар аз 1000 нафар дар майдони марказӣ ва дар баробари қароргоҳи ҳукумати шаҳр ҷамъ омадаанд. Дар шаҳри Ӯш 200 нафар ба тазоҳурот баромадаанд ва теъдоди онҳо батадриҷ меафзояд. Тарафдорони Тошиев ва Мадумаров мегӯянд, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 30 октябр тақаллуб шудааст. Дар ин интихобот Алмосбек Отамбоев, нахуствазири Қирғизистон бештар аз 60 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва рақибонаш Қамчибек Тошиев ва Адахон Мадумаров ба андаке бештар аз 14 дар сади оро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG