Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси моддаи хатарнок дар як рӯдхонаи Қазоқистон


Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон имрӯз гуфт, дар таркиби оби рӯдхонаи Секисовка дар вилояти Қазоқистони шарқӣ мизони хатарноки моддаи кушандаи сианид ошкор шудааст. Ба гуфтаи вазорат, мизони сианид дар таркиби оби рӯдхона ҳоло 516 маротиба бештар аз меъёр аст. Баъди марги ғайримуқаррарии моҳии зиёд дар рӯдхона, коршиносон оби рӯдхонаро ташхис кардаанд. Сокинони маҳал, корхонаи истихроҷи тиллоро дар минтақаро гунаҳкори ин вазъ медоданд, ки барои заршӯӣ аз сианид истифода мекунад. Мактабҳои маҳали осебдидаро бастаанд ва ба мардум ҳушдор додаанд, ки аз оби рӯдхона истифода накунанд.
XS
SM
MD
LG