Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади собиқи президентии Беларусро маҷбур мекунанд ба Лукашенко нома нависад


Духтари номзади собиқи президентии Беларус Микалай Статкевич мегӯяд, ки падарашро дар зиндон маҷбур карданд, ки дар номае аз президенти Александр Лукашенко дархост кунад, ки ӯро афв кунанд. Бахши беларусии радиои Озодӣ мегӯяд, ки вақте ҳудудан 15 ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ба хиёбонҳо рехтанд, Статкевич дар моҳи май ба мӯҳлати шаш сол барои “ташкили бетартибиҳои ҷамъиятӣ” дар таърихи 19 декабри порсол айбдор дониста шуд. Катсярина Статкевич дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки падараш дар як сӯҳбати телефонӣ аз зиндон гуфт, ки ӯро муддатест маъмурият маҷбур мекунанд, ки номае ба унвонии Лукашенко иншо кунад. Катсярина мегӯяд, ки падараш дар сӯҳбат гуфтааст, ки агар вай чунин номае нависад, пас ба мардуми Беларус хиёнат мекунад.
XS
SM
MD
LG