Раҳбари ҳизби мӯътадили исломӣ, ки дар интихоботи нахустини озод дар Тунис баранда шуд, тазоҳургарони шаҳри Сиди Боязидро ба хештандорӣ даъват кард. Тазоҳурот дар ин шаҳр баъди он сар зад, ки яке аз вакилони ин шаҳррро, бо иттиҳоми тақаллуб дар интихобот аз курси дар маҷлис маҳрум карданд. Рашид Ғаннушӣ, раиси Ҳизби исломии “Наҳзат”, ки аз 217 курсии маҷлис, 90 курсиро соҳиб шуд, аз мардуми Сиди Боязид хост, ба ҳайси сокинони гаҳвораи инқилоб, оромиро дар ҷомеа нигаҳ доранд. Рашид Ғаннушӣ ваъда додааст, ҳукумати фарогири эътилофиро дар Тунис ташкил хоҳад кард, ки Зайнулобиддин бин Алӣ раиси ҷумҳури пешини он дар қиёми мардумӣ дар моҳи январ суқут кард ва ба Арабистони Саудӣ гурехт.