Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои нави "пулёбӣ" ё қочоқи ҷинсии занон


Азимҷон Умурзоқов -муовини раиси полиси ноҳияи Шӯрообод ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, дар давоми 9 моҳи гузашта 8 зан барои қочоқи занону духтарон ба Афғонистон боздошт шудаанд. Бино ба ин хабар, аксари занони боздоштшуда аз минтақаи Кӯлоб будаанд ва занону духтаронро ба истилоҳ ба “муҳоҷирати ҷинсӣ” мефиристодаанд, то аз ин роҳ пуле ба даст оранд. Ба гуфтаи Умурзоқов, қочоқгарон бо занону духтарон телефонӣ тамос барқарор мекунанд ва сипас онҳоро аз роҳҳои ғайриқонунӣ аз марз мегузаронанд ва ба Афғонистон мефиристанд.
XS
SM
MD
LG