Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардум пойтахти Таиландро тарк мекунанд


Ҳазорон нафар ба хотири наҷот аз обхезие, ки бояд охири ҳафта рӯх бидиҳад, шаҳри Бангкок, пойтахти Таиландро тарк мекунанд.

Ҳукумат панҷ рӯзи истироҳат эълон кард то ки мардум тавонанд ба ҷойҳои амн бикӯчанд.

Дар бораи хатари обхезӣ ба шаҳри Бангкок ахиран мутахассисони Созмони Милали муттаҳид ҳушдор доданд.

Тайи се моҳи ахир бар асари обхезии мудҳиш манотиқи зиёде дар шимоли Таиланд пурра зери об монданд. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 360 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG