Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар як сохтмони Екатеринбург кушта шуд


Хабаргузориҳои Русия мегӯянд, ки дар як сохтмони шаҳри Екатеринбург шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон, коргари ин маҳал зери крани сохтмонӣ монда ба ҳалокат расид. Мақомоти вилояти Свердловск дар ин бора хабар дода мегӯянд, ки кран ба замин сарозер шуда боиси кушта шудани коргари сохтмон шудааст. Дар ин ҳодиса як нафар коргари дигари сохтмон маҷрӯҳ шудааст. Тибқи баъзе хабарҳо ӯ ҳам шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG