Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони Либия: "Шаҳри Сирт озод шуд"


Фармондеҳони нерӯҳои ҳукумати муваққати Либия мегӯянд, охирин гӯшаи шаҳри Сиртро аз дасти нерӯҳои ҳаводори Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи Либия гирифтанд. Сирт охирин такягоҳи Қаззофӣ буд, ки баъди се моҳи ишғоли Троблус пойтахти Либия, ба тассаруфи нерӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия даромад. Юнус Абдулалӣ, як фармондеҳи нерӯҳо дар шарқи Сирт ба хабаргузории "Ройтерс", гуфтааст, ки “Сирт озод шуд” ва онҳо размандагони дар ҳоли фирори Қаззофиро таъқиб мекунанд. Ҳусейн Абдулсалом фармондеҳи дигар ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, нерӯҳояш поккории Сиртро идома медиҳанд ва то чанд соати дигар ин шаҳр озод эълом хоҳад шуд. Маълум нест, ки худи Муаммар Қаззофӣ, ки 42 сол раҳбари Либия буд, куҷост?
XS
SM
MD
LG