Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи оби олуда аз як реактори атомии Покистон


Дар Покистон аз як нерӯгоҳи атомии ин кишвар оби олуда аз реактори он хориҷ шудааст, вале ба гуфтаи мақомот хатаре аз он таҳдид намекунад. Тариқ Рашид, сухангӯи Нерӯгоҳи барқи атомии Карочӣ гуфт, оби олуда шаби сешанбе ба чаҳоршанбе зимни корҳои муқаррарии таъмирӣ сурат гирифт, ки баъди он дар нерӯгоҳ 8 соат вазъи фавқуллода эълом шуд. Нерӯгоҳи мазкур бо тавоноии 137 мегават, ки соли 1972 ба кор шурӯъ кард, дар 24 километрии Карочӣ, бузургтарин шаҳр ва маркази тиҷоратии Покистон воқеъ шудааст.
XS
SM
MD
LG