Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон мардуми Либияро табрик кард


Мулоқоти Клинтон бо сарбозон дар Троблус
Мулоқоти Клинтон бо сарбозон дар Троблус
Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико дар ҷараёни боздиди ғайримунтазираи худ аз Троблус-пойтахти Либия бо Мустафо Абдулҷалил-раҳбари Шӯрои Миллии Гузори Либия мулоқот ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард. Хонум Клинтон болотарин мақоми амрикоист, ки аз замони оғози эътирозҳо бар зидди режими Муаммар Қаззофӣ дар моҳи феврал аз Либия боздид мекунад. Хонум Клинтон дар ҷараёни ин боздид гуфт:

“Ман аз номи мардуми Амрико ҳамаи мардуми Либияро табрик мегӯям. Ин бартарии бузургест, ки дар чашми мо Либияи нав ба дунё меояд”.

Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, Хонум Клинтон дар ҷараёни ин боздид як силсила барномаҳои наверо эълон мекунад, ки ҳадафи онҳо суръат бахшидан ба таҳкими равобити Амрикову Либия, аз ҷумла муолиҷаи размандагонест, ки дар ҷангҳо маҷрӯҳ шудаанд. Барномаҳои табодули донишҷӯён ва кӯмак ба талошҳои мардуми Либия барои хотима гузоштан ба давраи силоҳсолории Муаммар Қаззофӣ низ ба ин барномаҳо дохил мешавад.
XS
SM
MD
LG