Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мегӯяд, аввал халъи силоҳ, баъд музокира


Раҳмон Малик
Раҳмон Малик
Раҳмон Малик-вазири корҳои дохилии Покистон имрӯз гуфт, ҳукумати кишвараш омода аст бо тундравҳои Толиб музокира анҷом диҳад, ба шарти ин, ки аввал онҳо аслиҳаи худро ба замин гузоранд. Малик гуфт, шарт ин аст, ки “ҳадди ақал онҳо аслиҳаи худро ба замин гузоранд ва пеш гузаранд”. Малик афзуд, “агар онҳо фикр кунанд, ки Калашниковро аз шона намегузоранд ва ҳамзамон музокира анҷом медиҳанд, чунин кор нахоҳад шуд”. Ҳар ду ҷониб ба он ишора кардаанд, ки ба музокира бо шарту шароит омодаанд.
XS
SM
MD
LG