Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазирони СНГ дар Петербург ҷамъ мешаванд


Тоҷикистонро дар нишасти Петербург сарвазир Оқил Оқилов намояндагӣ хоҳад кард
Тоҷикистонро дар нишасти Петербург сарвазир Оқил Оқилов намояндагӣ хоҳад кард
Имрӯз, 18 октябр, сарвазирони СНГ дар Санкт -Петербурги Русия ташкили ҷаласа мекунанд. Қарор аст, имрӯз марҳалаи аввали табодули маҳбусони фаластинӣ бо сарбози исроилӣ Гилод Шолит оғоз шавад. Парлумони Украина имрӯз мавзӯъи ғайриҷиноӣ кардани иттиҳомоти алайҳи Юлия Тимошенкоро баҳс хоҳад кард. Имрӯз дар Лондон барандаи ҷоизаи адабии Букер эълон хоҳад шуд. Имрӯз дар Донетск ҳамоиши минтақавии иқтисодии Украинаву Русия баргузор мешавад. 18 октябри соли 1989 Эрих Ҳонеккер аз раёсати давлати коммунистии Олмони шарқӣ истеъфо дод. Ва Озарбойҷон имрӯз аз 20-солагии истиқлолаш таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG