Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия шумораи кушташудагон аз 3000 нафар гузашт


Нэвӣ Пиллай
Хонум Навӣ Пиллай-Кумиссари Олии ҳуқуқи башари СММ гуфт, шумораи одамоне, ки дар саркӯбиҳои тазоҳуроти эътирозии Сурия кушта шудаанд, ба бештар аз 3 000 нафар расидааст. Хонум Пиллай аз маҳофили байналмиллалӣ даъват кард, ки барои хатми “ҷанги шаҳрвандӣ” дар Сурия кӯмак кунанд. Вай гуфт, бино ба гузоришҳо, дар даҳ рӯзи ахир дар Сурия 100 нафар кушта шудаанд. Виллям Ҳейг-вазири хориҷаи Британия низ дар ин бора дар порламони кишвараш гуфт:

“Барои нигоҳ доштани ин режим хуни хеле зиёд рехтааст. Президент Асад бояд ҳоло истеъфо диҳад ва ба дигарон имкон диҳад, ки ислоҳотро пеш баранд”.

Вақтҳои ахир шумораи бештари сарбозону афсарони артиши Сурия аз хидмат саркашӣ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG