Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави "Правда Востока" дар мавриди тарҳи Роғун


Рӯзномаи давлатии Узбакистон “Правда Востока” ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон бидуни он ки натиҷаи ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро интизор шавад, зимистони имсол ба бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ мекунад. Ба ақидаи ин нашрия, ки баёнгари мавқеи ҳукумати Узбакистон аст, “муносибати таҷовузгаронаи тарафи Тоҷикистон дар эҳдоси ин тарҳ ва беэътинои ба пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раҳбарияти Тоҷикистон талош дорад, пайомадҳои фоҷиабори онро барои миллионҳо нафар ба эътибор нагирад ва дар пайи расидан ба андешаи часпидаи худ бошад.” Рӯзнома ҳушдор додааст, ки чунин талошҳо оқибати нек нахоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG