Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи аҳзоби Словакия бар сари барномаи Аврупо


Аҳзоби умдаи сиёсии Словакия бар сари масъалаи тақвияти Хазинаи кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо ба созиш расидаанд. Роберт Фико, раиси ҳизби мухолифи Сотсиал Демократ гуфт, Словакия бе ҳеҷ мушкил аз афзудани ҳаҷми Хазинаи кӯмакҳои молии Иттиҳодияи Аврупо ҳимоят хоҳад кард ва раъйгирӣ дар ин замина то рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Рӯзи сешанбе порлумон мухолифи барнома раъй дод ва ҳукумати эътилофии Словакия аз ҳам пошид. Бар асоси созиши ҳосилшуда, қарор аст дар Словакия интихоботи зудраси порлумонӣ баргузор шавад.Пештар аз ин Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз давлати Словакия хост, ҳарчӣ зудтар барномаи афзоиши ҳаҷми Хазинаи кӯмакҳои молӣ ба кишварҳои дармондаи иттиҳодияро тасвиб кунад, ки барои муқобила бо бӯҳрони қарзӣ дар ҳавзаи евро бисёр муҳим аст. Ҳерман ван Ромпуӣ, раиси иттиҳодия ва Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо дар баёнияи муштараке гуфтанд, “афзоиши хазинаи чаҳорсаду чиҳил миллиард евроӣ” ба нафъи мардуми тамоми кишварҳои ҳавзаи евро ва мардуми Словакия аст.
XS
SM
MD
LG