Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози асирафтодаи Исроил ба ватанаш хоҳад баргашт


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар як паёми телевизионӣ ба мардуми кишвараш гуфт, Ҷилоб Шалит, сарбози исроилӣ, ки дар соли 2006 аз тарафи гурӯҳи Ҳамос асир гирифта шуд, “дар чанд рӯзи оянда ба ватан хоҳад баргашт.” Эҳтимол меравад, ду ҷониб ба табодула ризоият додаанд ва ба ин муносибат Нетаняҳу ҷаласаи изтирории ҳукуматашро даъват кард. Талошҳои пешинаи табодула ноком гаштаанд. Радиои Исроил гуфт, бино бар созиши нав Шалит дар моҳи ноябр ба ватан хоҳад баргашт ва дар ҷавоб исроилиҳо наздик ба 1000 маҳбуси фаластиниро озод хоҳанд кард. Сухангӯи Ҳамос дар мусоҳиба бо Ройтерз ин созишро тасдиқ кардааст.
XS
SM
MD
LG