Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон 7% зиёд шудааст


Бино бар гузориши нави СММ парвариши хашхош дар Афғонистон имсол 7 дар сад зиёд шудааст. Беназоратии манотиқи муайян ва боло рафтани нархи маводи мухаддир аз сабабҳои ин афзоиш шумурда шудаанд. Ба ин тартиб Афғонистон ба ҳайси бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон боқӣ мемонад. СМ мегӯяд, тавлиди ин мавод 9 дарсади даромади нохолиси миллии Афғонистонро ташкил дода, ба густариши фасод ва сармоягузории гурӯҳҳои шӯришӣ сабаб гаштааст.
XS
SM
MD
LG