Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Каримов бо намояндагони вижаи Амрико ва Олмон


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо фиристодагони вижаи Иёлоти Муттаҳида ва Олмон дар умури Афғонистон ва Покистон мулоқот кард. Намояндаи Амрико Марк Гроссман ва Олмон Майкл Стейнер бо раҳбари Узбакистон роҳҳои кӯмак ба иқтисодиёти Афғонистонро баррасӣ карданд. Гроссман ва Стейнер ҳамкории Узбакистонро дар талошҳои эътидоли авзоъ дар Афғонистон муҳим номиданд.
XS
SM
MD
LG