Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард $ фиристодаанд


Муҳоҷирони тоҷик танҳо дар семоҳаи дуввуми сол аз Русия ба ватан 742 миллион доллар пул фиристодаанд. Ҷамъи пули таҳвилдодаи онҳо ба Тоҷикистон дар нимаи аввали сол ба 1 миллиарду 180 миллион доллар мерасад. Дар сабқати пулфиристӣ аз Русия дар семоҳаи дуввум Тоҷикистон танҳо аз Узбакистон ақиб мемонад, ки муҳоҷиронаш дар ин муддат ба зодгоҳи худ 1 миллиарду 67 миллион доллар фиристодаанд. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сол аз 700 000 то 1 миллион нафар баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG