Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ҳизби муҳоҷирони корӣ ташкил мешавад?


Каромат Шарипов
Каромат Шарипов
Каромат Шарипов-раиси ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар Русия дар мусоҳибае бо «Русская служба новостей» гуфтааст, вай мехоҳад Ҳизби муҳоҷирони кории Тоҷикистонро ташкил диҳад ва ин ҳизб яке аз ҳизбҳои маъруфи Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории “Азия-Плюс” хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ин ҳизб метавонад дар порламони Тоҷикистон 90 курсиро ишғол кунад ва бештар аз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон соҳиби эътибор шавад. Қаблан Муҳиддин Кабирӣ-раиси ин ҳизб изҳор дошт, ки мумкин аст ҲНИТ дар Русия ба таври расмӣ ба фаъолият шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG