Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Башшор Асад даст ба ислоҳот бизанад ё канор биравад"


Раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа гуфт, ки Башшор Асад роҳе ҷуз ислоҳот ва ё канорагирӣ аз қудрат надорад.

Вай бо ин ҳол таъкид кардааст, ки Маскав дар муқобили фишорҳои хориҷӣ барои барканории Башшор Асад аз қудрат муқовимат хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, се рӯз пас аз ветои қатъномаи таҳримӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад тавассути Русия ва Чин дар Шӯрои Амнияти СММ, Дмитрий Медведев гуфтааст: «Русия низ ба андозаи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ хоҳони поён додани хушунатҳо алайҳи мӯътаризон дар Сурия аст.»

Вай дар як барномаи телевизионӣ изҳор дошт: «Русия ба андозаи дигар кишварҳо хоҳони таваққуфи хунрезиҳо дар Сурия аст ва аз раҳбарии Сурия мехоҳад ислоҳоти зарурирор анҷом диҳад.»

Раиси ҷумҳури Русия афзуд: «Агар раҳбарии Сурия қодир набошад, ки чунин ислоҳотеро амалӣ кунад, бояд канор биравад. Аммо ин масъалае аст, ки мардум ва раҳбарии Сурия бояд дар бораи он тасмим бигиранд, на НАТО ё кишварҳои аврупоӣ.»

Чин ва Русия-ду узви доими Шӯрои Амнияти СММ рӯзи сешанбеи 4-уми октябр ба пешнависи қатъномаи таҳримӣ алайҳи ҳукумати Башшор Асад раъйи мухолиф доданд. Ин амалкарди Русия интиқоди шадиди Амрико ва кишварҳои аврупоиро дар пай дошт. Русия пештар бархе аз нерӯҳои мухолифин дар Сурияро ба иртибот бо «террористоҳо» муттаҳам карда буд.

Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, тасмими ахир барои ветои қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ мутаассир аз иқдомоти НАТО дар Либия аст. Дар моҳи марти соли ҷорӣ ҳангоме, ки қатънома алайҳи Қаззофӣ дар Шӯрои Амният матраҳ шуд, Маскав мухолифи он буд, вале аз ветои он худдорӣ кард. Русия аз иқдомоти НАТО дар ҷараёни сарнагунии Муаммар Қаззофӣ интиқод карда ва мегӯяд, қатъномаи Шӯрои Амният алайҳи Муаммар Қаззофӣ ва дар хусуси муҳофизат аз ғайри низомиён дар Либия буд, аммо мавриди сӯистифода қарор гирифт.

Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки Маскав ба мухолифат бо талошҳои Ғарб барои сарнагунии ҳукуматҳо идома хоҳад дод. Дмитрий Медведев гуфт: «Русия ҳамчунон дар муқобили талошҳо барои машрӯият гирифтан аз тариқи таҳримҳои якҷонибаи Шӯрои Амният бо ҳадафи сарнагунии режимҳои мухталиф хоҳад истод.»

Дмитрий Медведев афзуд: «Созмони Милали Муттаҳид барои чунин ҳадафе ба вуҷуд наомадааст.»

Раиси ҷумҳури Русия таъкид кард: «Дар асл, матни пешниҳодӣ матне буд, ки як бори дигар иҷозаи истифода аз зӯрро медод.»

Дар ҳамин ҳол фаъолони сиёсии Сурия мегӯянд, ба дунбори тазоҳуроти рӯзи ҷумъа, 9 нафар дар ҷараёни тирандозии нерӯҳои амниятии Сурия ба мӯътаризон, кушта шуданд.

СММ рӯзи панҷшанбе эълом кард, афроде, ки дар ҷараёни эътирозот алайҳи ҳукумати Башшор Асад дар Сурия аз моҳи март то кунун кушта шудаанд ба пеш аз 2900 расидааст. Як мақоми СММ гуфтааст, ин омор шомили касоне, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зидди давлатӣ нопадид шудаанд, намешавад.
XS
SM
MD
LG