Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи пешин: Ҷанг дар Афғонистон дар нимароҳ аст


Фармондеҳи пешини нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар Афғонистон мегӯяд, Амрико ҷанг дар Афғонистонро бо дидгоҳи ба таври ҳаросангез “содагароёна” оғоз намуд ва ҳатто ҳоло, 10 сол баъд низ, намедонад, ин низоъро чӣ гуна ба таври муваффақ ба фарҷом расонад. Дар сӯҳбате дар Шӯрои равобити хориҷӣ рӯзи панҷшанбе генерали бознишаста Стенлӣ Маккристал гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он дар НАТО танҳо дар нимароҳи расидан ба аҳдофи худанд. Вай гуфт, яке аз масъалаҳои ҳалношуда ва эҳтимолан мушкилтарин ташкили ҳукумати қонуниест, ки мардуми Афғонистон ба он бовар кунанд ва битавонад, повазни Толибон бошад. Маккристал дар солҳои 2009-2010 ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон сарварӣ карда, зимни як мусоҳибаи баҳсбарангез дар маҷаллае аз вазифа барканор гардид.
XS
SM
MD
LG