Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби покистонӣ ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад


Кумиссиёни давлатии Покистон мегӯяд, як табиби кишвар, ки дар пайдо кардани Усома бин Лодин ба Хадамоти Истихборотии Амрико кӯмак кардааст, бояд барои хиёнат ба ватан муҳокима шавад. Хадамоти ҷосусии Покистон, Шокил Афридиро баъди он боздошт кард, нерӯҳои амрикоӣ Усома бин Лоданро дар моҳи май дар Покистон куштанд, ки ин Хадамоти ҷосусии Покистонро шармсор кард. Мақомоти Амрико ва Покистон мегӯянд, Шокил Афридӣ як барномаи эмкунӣ ва ё ваксинзаниро дар шаҳри Аббутобод амалӣ мекард, то аз ин роҳ Ди Эн Эй ва ё Де Эн Ка-и Усома бин Лоданро ба даст орад. Бино ба гузоришҳо ин табиб вакили дифоъ надоштааст.
XS
SM
MD
LG