Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳурии Фаронса аз Қафқози ҷанубӣ дидан мекунад


Мулоқоти ахири раҳбарони Фаронсаву Арманистон 28 сентябр дар Фаронса сурат гирифт
Мулоқоти ахири раҳбарони Фаронсаву Арманистон 28 сентябр дар Фаронса сурат гирифт
Николя Саркозӣ, президенти Фаронса имрӯз сафари расмии худро ба ҷумҳуриҳои Қафқоз – Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон шурӯъ кард. Яке аз ҳадафҳои аслии ӯ талош барои коҳиши таниш дар равобити минтақаии ин ҷумҳуриҳо хоҳад буд. Қабл аз сафар Саркозӣ аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки сулҳ карда қазияи Қаробоғи Кӯҳӣ, як минтақаи арманитабор дар қаламрави Озарбойҷонро ҳал кунанд. Фаронса ҳамроҳ бо Русия ва ИМА, чун аъзои гурӯҳи Мински САҲА, талош доранд дар ҳалли бӯҳрони марбут ба Қаробоғи Кӯҳӣ миёнҷигӣ кунанд. Дар Гурҷистон қарор аст мавзӯи равобити пуртаниши президент Михаил Саакашвилӣ ва Русия, ки баъди ҷанги кӯтоҳмуддати августи соли 2008 дар қаламрави Осетияи Ҷанубии ҷудоихоҳ сар зад, баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG