Рӯзи дуюм аст, ки ИМА Шӯрои амнияти СММ-ро барои адами қабули қатъномаи маҳкумкунанади режими саркӯбгари Сурия интиқод кард. Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Шӯрои амният масъулиятҳои худро иҷро намекунад ва Русияву Чин, ки тарҳи қатъномаи аз ҷониби Амрикову Аврупо таҳияшударо вето карданд, ба қавли ӯ, бояд ба мардуми Сурия ин амали худро шарҳ диҳанд. Зимни боздид аз ҷумҳурии Доминикан Клинтон гуфт:
“Ба эҳтимоди мо, дирӯз Шӯрои амният аз иҷрои масъулиятҳои худ, ки ҳифзи сулҳи байналмиллаӣ ва амнияти марудми осоишта аст, худдорӣ кард. Қатъномаи дирӯза намоишгари камтарин корест, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд дар посух ба хушунатҳои чандинмоҳаи режими Асад нисбати мардуми Сурия карда метавонад”.
Дар изҳороташ Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ низ қарори Шӯрои амниятро интиқод кард ва гуфт, ки СММ масъулият ахлоқӣ бар дӯш дорад, ки аз хунрезиҳои бештар ҷилавгирӣ карда, роҳҳаллеро аз бӯҳрони хатарноки мардуми Сурия пешниҳод кунад. Русияву Чин дар раъйдиҳии ахир қатъномаи зидди Сурияро вето карда гуфтанд, ки зидди ҷорикунии ҳама гуна таҳримот зидди режими Башор Асад ҳастанд.