Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Раҳмон ва Гроссман ба таъхир афтод


Қарор буд, имрӯз Марк Гроссман, фиристодаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дидору гуфтӯгу кунад, аммо ба иллати ҳавои номусоид парвози ӯ ба Душанбе сурат нагирифт. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, авзоъи минтақа ва бахусус шеваҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистон, ки нооромтар шудааст, аз мавзӯъҳои аслии гуфтӯгуи ду тараф хоҳад буд. Марк Гроссман, баъди поёни боздид аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG