Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Панетта аз авоқиби коҳиши масрафоти низомӣ


Леон Панетта
Леон Панетта
Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта гуфт, низомиҳои Амрико бо коҳиши ҷидди будҷа рӯбарӯ буда, тавони расидан ба камбудиҳои қобили мулоҳизаро дар НАТО нахоҳанд дошт. Ӯ дар суханроние дар Брюссел дар арафаи нишасти вазирони НАТО гуфт, аъзои ин паймон дар ин шароити фишори молӣ бар масрафоти низомӣ дар ҳарду сӯи Атлантик бояд ҷиҳати тақсими бори масоили амниятӣ дӯшодӯш ҳамкорӣ кунанд. Маъмуриятҳои НАТО дар Либияву Афғонистон ва камбудиҳое, ки ин эътилофи амниятӣ дар роҳи иҷрои амалиётҳояш дучор шудааст, аз мавзӯъҳои аслии нишасти имрӯза дар Брюссел хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG