Як номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон аз тахриби шиорҳову овезаҳои таблиғотиаш дар шимоли ин кишвар шикоят кардааст. Бекибой Мамитов, намояндаи номзад Адахон Мадумаров гуфт, афроди ношинос 3 рӯз боз овезаҳои тарғиботии ӯро дар шаҳрҳои Тоқмоқу Балиқчӣ ва Канту Норин хароб мекунанд. Мадумаров зодаи ҷануб ва раҳбари ҳизби Қирғизистони воҳид аст.
Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 30 октябри Қирғизистон то имрӯз 20 номзад сабти ном шуда, 5 довталаби дигар то ҳол барои таъйиди ҳаққи худ барои ширкат дар ин маърака мубориза мебаранд.
Барои ширкат дар интихоботи рӯзи 30 октябри Қирғизистон то имрӯз 20 номзад сабти ном шуда, 5 довталаби дигар то ҳол барои таъйиди ҳаққи худ барои ширкат дар ин маърака мубориза мебаранд.