Хадамоти муҳоҷирати Русия 7 мардикори тоҷикро, ки дар вилояти Краснодар иҷборан дар қароргоҳи як ширкати маҳаллӣ нигоҳ дошта мешуданд, аз банд раҳо кардаанд. Раҳоии ин мардикорон бар асоси маълумоти дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Маскав муяссар шудааст. Гуфта мешавад, масъулони ширкат шиносномаҳои мардикоронро гирифта, ба онҳо иҷозат намедоданд, ки аз қароргоҳи ширкат хориҷ шаванд ё тарки кор кунанд. Дар раҳоии ин 7 мардикор як созмони маҳаллӣ ва ҳам “Меҳри Сомониён”, ҷамъияти тоҷикони Краснодар саҳм гирифтаанд.
Ҳар сол беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири рӯзӣ худро ба Русия мезананд.
Ҳар сол беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири рӯзӣ худро ба Русия мезананд.