Бино ба гузоришҳо, сухангӯи Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи Либия, боздошт шудааст. Намояндагони Шӯрои миллии гузори Либия мегӯянд, Мӯсо Иброҳимро дар шаҳри Сирт, зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ, дастгир кардаанд ва ӯ ба хотири фирор либоси занона ба бар карда будааст. Мӯсо Иброҳим то замони ишғоли шаҳри Троблус, пойтахти Либия дар моҳи август баёнияҳои ҳукумати Қаззофиро нашр мекард. Айни ҳол шӯришиёни Либия, фурудгоҳи шаҳри муҳосирашудаи Сиртро тассаруф кардаанд ва ҳамзамон нигарониҳо аз сарнавишти аҳолии шаҳр авҷ мегирад.