Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз таҳрими Сурия худдорӣ кард


Давлатҳои аврупоӣ аз ҷорикунии таҳримҳои нав нисбати режими Сурия худдорӣ карданд, чун интизори мувофиқати Русияву Чин бо қабули қатъномаи нав дар Шӯрои амнияти СММ дар робита бо низоъҳои Сурия ҳастанд. Тибқи гузоришҳо, тарҳи қатъномаи нав, ки аз ҷониби Бритониё, Фаронса, Олмон ва Португалия бо пуштибонии ИМА таҳия шудааст, таҳдиди таҳрими режими президент Башор Асадро дар сурати адами хатми амалиёти низомӣ алайҳи афроди мулкӣ дар назар мегирад. Тарҳи мазкур поймолшавии муназзами ҳуқуқи инсон дар Сурияро аз ҷониби мақомот маҳкум ва ба хатми билофосилаи хушунатҳо даъват мекунад. Қарор аст тарҳи нави қатънома имрӯз дар Шӯрои Амният баррасӣ шавад. СММ мегӯяд, ки баъди шурӯи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ аз моҳи марти имсол то имрӯз дар Сурия беш аз 2700 нафар, аксар мардуми осоишта кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG