Ҳино Раббонӣ Хор, вазири умури хориҷии Покистон, изҳор намуд, ки Исломобод барои сулҳу осоиш дар Афғонистони ҳамсоя мусоидат ва барои расидан ба ин ҳадаф бо Кобулу Вошингтон ҳамкорӣ хоҳад кард.
Зимни сузанронӣ аз минбари Маҷмааи кулли СММ ӯ ҳамлаҳои ахири афроди мусаллаҳ ба қаламрави Афғонистонро маҳкум кард ва гуфт, ки кишвараш бо терроризм муборизаи беамон мебарад.
Аз ин пеш Покистон аз ИМА хост, ки ба муттаҳамсозии кишвар дар бозии дугона бо гурӯҳҳои ифротгаро хотима гузорад.
Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабаргузории Рейтер гуфт, ҳама гуна амалиёти якҷонибаи низомии Амрико алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ дар қаламрави Покистон чун поймолсозии мустақилияти кишвар арзёбӣ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, изҳор намуд, ки ҳукумати Покистон бояд ҳама гуна робита бо шабакаи Ҳаққониро қатъ кунад.
Қаблан ҳам Вошингтон аз Исломобод хостори аз байн бурдани шабакаи Ҳаққонӣ шуда буд. Ин гурӯҳ, ки пойгоҳҳояш на фақат дар Афғонстон, балки дар шимолу ғарби Покистон ҳам ҷойгиранд, аз ҷумла, дар ҳамлаи рӯзи 13 сентбяр ба сафорати Амрико дар шаҳри Кобул айбдор мешавад.