Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба амалиёти ИМА алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ мухолиф аст


Покистон аз ИМА хост, ки ба муттаҳамсозии кишвар дар бозии дугона бо гурӯҳҳои ифротгаро хотима гузорад.

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабаргузории Рейтер гуфт, ҳама гуна амалиёти якҷонибаи низомии Амрико алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ дар қаламрави Покистон чун поймолсозии мустақилияти кишвар арзёбӣ хоҳад шуд.

Ду рӯз қабл Гелонӣ ҳама иддаоҳо дар бораи робитаи Исломобод бо шабакаи Ҷалолуддин Ҳаққониро рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед, изҳор намуд, ки ҳукумати Покистон барои қатъи ҳама гуна робита бо шабакаи Ҳаққонӣ талош кунад.
Аз ин пеш ҳам Вошингтон аз Исломобод хостори аз байн бурдани шабакаи Ҳаққонӣ шуда буд. Ин гурӯҳ, ки пойгоҳҳояш на фақат дар Афғонстон, балки дар шимолу ғарби Покистон ҳам ҷойгиранд, аз ҷумла, дар ҳамлаи рӯзи 13 сентябр ба сафорати Амрико дар шаҳри Кобул айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG