Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кудрин гуфт, ба ҳукумати Медведев шомил нахоҳад шуд


Вазири деринаи молияи Русия, Алексей Кудрин, мегӯяд, вай бо мухолифате, ки ба сиёсатҳои раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дорад, дар ҳукумати нави ин кишвар пас аз табодули Медведев бо Путин кор нахоҳад кард. Кудрин аз ҷумла гуфт, афзоиши харҷи низомӣ ба вазъи молиявии кишвараш хатар дорад. Кудрин, ки аз соли 2000-ум ба ин сӯ вазири молияи Русия аст, дар ин ришта як муҳофизакор дониста мешавад ва тавонистааст, даромади кишвар аз нафтро ба самте равона кунад, ки таъсири бӯҳрони ҷаҳонӣ ба Русия нармтар шавад. Изҳороти ӯ баъд аз он садо дод, ки Путин ва Медведев гуфтанд, бо ҳам ҷой иваз хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG