Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо алайҳи Сурия таҳримоти нав эъмол кард


Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа алайҳи давлати Сурия таҳримоти тозае эъмол кард. Ҳадаф аз ин таҳримот, фишори бештар ба раиси ҷумҳур Башшор Асад аст, то ба саркӯби хунини тазоҳургарони зиддидавлатӣ хотима диҳад. Бар асоси таҳримоти нав, сармоягузорӣ ба санъати истихроҷи нафт дар Сурия ва чопи пул барои Бонки марказии ин кишвар мамнӯъ аст. Ҳамчунин ду мақоми Сурия ва шаш ширкат ба феҳрасте шомил шуданд, ҳаққи вуруд ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо надоранд ва амволи онҳо низ масдуд карда хоҳад шуд. Созмони Милал мегӯяд, аз замони шурӯъи тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия сар аз моҳи март то кунун 2600 нафар кушта шудаанд. Таҳримот аз рӯзи шанбе ҳукми иҷро мегирад.
XS
SM
MD
LG