Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон интиқоли барқ ба Афғонистонро шурӯъ мекунад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба зудӣ интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро шурӯъ мекунанд. Нурмуҳаммад Холназаров, намояндаи ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, корҳои cохтмонӣ дар шабакаи баландшиддати “Сангтӯда- Пули Хумрӣ” такмил шудааст ва то охирҳои сентябр интиқоли нерӯи барқ аз тариқи он ба Афғонистон шурӯъ мешавад. Аммо фурӯши барқ ба Афғонистони ҳамсоя то фасли сармо идома мекунад, зеро Тоҷикистон дар фасли сармо худаш ба бештар аз 2 миллиард киловат соат нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад. Қудрати шабакаи баландшиддати “Сангтӯда-Пули Хумрӣ”, 300 мегават аст.
XS
SM
MD
LG