Раҳбари ҳизби мухолифи Ота-Макон Омурбек Текебоев эълон кард, ки дар интихоботи як моҳ баъди раёсатҷумҳурии Қирғизистон ширкат нахоҳад кард. Текебоеви 53-сола, ки аз номзадҳои умда ба интихоботи рӯзи 30 октябр эътироф мешуд, дар дафтари ҳизбаш гуфт, ҳадаф аз ин иқдом дар атрофи худ муттаҳид кардани онҳоест, ки дар воқеъ дар анҷоми ислоҳоти демократӣ дар Қирғизистон саҳм доштанд.
Текебоев алакай дар солҳои 1995 ва 2000 номзад ба мақоми президентӣ ва тайи солҳои 2005-2006 раиси парлумони Қирғизистон буд. Ӯ алакай барои сабти номзадиаш аз имтиҳони забон гузашта, 30 000 имзои лозим низ ҷамъ оварда буд. Рӯйхати ниҳоии муддаиёни курсии раҳбарии Қирғизистон рӯзи 24 сентябр эълон хоҳад шуд.