“Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин рақобаташ барои дарёфти Ҷоми раиси Иттиҳодияи футболи Осиё аз “Тайван Пауэр кампанӣ” бо натиҷаи 0:2 шикаст хӯрд. Марҳалаи ниҳоии ин мусобиқот бо ширкати 6 тим дар 2 гурӯҳ дар Тайван шурӯъ шуд. “Истиқлол” акнун дар гурӯҳи В бо “Балкан”-и Туркманистон вориди рақобат хоҳад шуд. Дар гурӯҳи А барои дарёфти Ҷоми раиси AFC тимҳои Нефтчӣ” аз Қирғизистон, “Яданарбон”-и Мянмар ва “Пномпен”-и Камбоҷа қувва меозмоянд.
Мусобиқоти Ҷоми раиси AFC барои тимҳои кишварҳои аз нигоҳи футбол заифест, ки ба сабқатҳои асосии қораи Осиё роҳ наёфтаанд.
Мусобиқоти Ҷоми раиси AFC барои тимҳои кишварҳои аз нигоҳи футбол заифест, ки ба сабқатҳои асосии қораи Осиё роҳ наёфтаанд.