Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расидагии СММ ба амрози ғайрисироятӣ


Ҳадафи анҷумани дурӯзае ки имрӯз дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк боз хоҳад шуд, таҳияи барномаи ҷаҳонии пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятие, чун саратону амрози қалб ва қанд, аст. Ин нахустин нишасти СММ дар робита ба амрози ғайрисироятиест, ки ба саломати инсонҳо ва ҳамин тавр, ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Бино ба оморҳо, ҳар сол дар сайёра то 36 миллион нафар маҳз аз амрози сироятнашаванда ҷон медиҳанд. Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, мақараш дар Швейтсария, ҳазинаи чунин амрози бедаворо дар 20 соли оянда 47 триллион доллар ҳисоб кардааст.
XS
SM
MD
LG