Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико хабари ҳамларо таъйид кард


Сафорати Амрико дар Кобул ҳамлаи ҷангиёни мусаллаҳ бо хумпораву силоҳҳои сабук дар маҳалли атрофи сафоратхонаро таъйид кард, вале гуфт, касе аз кормандонаш осеб надидааст. Сухангӯи сафорат гуфт, ба кормандон амр шуд, ки пинҳон шаванд. Имрӯз маркази Кобулро силсилаи таркишҳову тирандозиҳо таккон дод. Масъулияти ҳамларо Толибон ба дӯш гирифт ва гуфт, ҷангиёнаш, бо шумули маргталабон, дар маркази пойтахти Афғонистон як ҳамла ба роҳ андохтанд. Пулис қаблан гуфт, чирикиҳо аз сохтмони нотамоми як осмонбӯс дар наздикии маҳалли сафорати Амрико ва намояндагиҳои дигари хориҷӣ дар Кобул оташ кушодаанд.
XS
SM
MD
LG