Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобусҳои ироқию афғонии собиқадорони ҷанг


Пас аз давраҳои чандгонаи вазифа дар Ироқу Афғонистон садҳо сарбози амрикоӣ бо мушкили сахт рӯбарӯянд.

Даҳ сол пеш, дар шабу рӯзҳои баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр ҳазорон нафар аз ҷавонони амрикоӣ ба марказҳои ҳарбӣ рехта буданд, то ба сафи артиш дароянд ва ба ватани худ хидмат кунанд. Ҳоло чунин рағбат дида намешавад ё кам дида мешавад ва онҳое, ки пас аз хидмати чандинсола дар
Баъзеҳо ҳама аъзои бадани худ то миёнро аз даст додаанд ва ин барои мардони ҷавон як даҳшат аст...

ҷабҳаҳои ҷанг ба ватан баргаштанд, бо вазъи мушкил рӯбарӯянд.

Дар ин даҳ сол Амрико зиёда аз 2 миллион сарбози худро ба ин ҷабҳаҳои хориҷӣ фиристод ва ин тӯлонитарин ҷанги Амрико дар таърихи он аст, ки наздик ба 11 сол дар Афғонистон ва 8 сол дар Ироқ ба дарозо кашидааст.

“НАСЛИ 11-УМИ СЕНТЯБР”

Акнун вақте ки сарбозони ҷангдида ба ватан бармегарданд, бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта ба сахтӣ даст медиҳад. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ахиран ба онҳое, ки “насли 11-уми сентябр” номид, арҷгузорӣ кард ва гуфт:

“Бамаврид аст, ки даҳсолаи фавқулодаи хидмати насли 11-уми сентябрро шодбош бигӯям. Ба зиёда аз панҷ миллион аз амрикоиҳо, ки дар ин 10 соли гузашта либоси ҳарбӣ ба бар карданд. Он субҳи сентябр онҳо сари хидмат буданд. Хидмати замони осоишта. Аммо амалан ба ҳолати ҷангӣ гузаштанд. Миллионҳо нафари дигар бо дарки он ки кишвар дар ҳоли ҷанг аст, қадам пеш гузоштанд ва гуфтанд, “маро бифиристед.”

Ҷанг ҳамеша бемористонҳои ҳарбиро пур

аз захмиён мекунад, аммо низои Ироқ ва Афғонистон ба пешрафти пизишкии ҳарбӣ сабаб гаштанд ва ҷавшанҳои навбаромад талафотро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳатто барои сарбозоне, ки дар ҷанг бо шӯришиён ё аз таркиши бомбаҳои худсохти сарироҳӣ ҷароҳати мудҳиш гирифтаанд.

Агар дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба ҳар сарбози кушташудаи амрикоӣ 1,7 сарбози захмӣ рост меомад, дар ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон ба ҳар кушташуда ҳафт захмӣ мусовӣ гаштааст. Вазорати дифои Амрико теъдоди умумии захмиёнро дарб айни собиқадорони ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон 40 000 нафар меномад.
Лейтенанти аввали артиш Камерон Карр яке аз онҳост. Вай аз таркиши бомба дар Қандаҳор захмӣ ва аз пои чапи хеш маҳрум гашт.

ВАҚТЕ КИ САРБОЗ ХУДКУШӢ МЕКУНАД

Карр мегӯяд, беш аз ҳама сарбозони ҷавоне, ки танҳо акнун ба хидмат пардохтаанд, ба бадтарин шакл захмӣ мешаванд. “Захм ҳаёти онҳоро аз реша иваз мекунад. Баъзеҳо ҳама аъзои бадани худ то миёнро аз даст додаанд ва ин барои мардони ҷавон як даҳшат аст. Агар онҳо фарзанд надоранд, дигар ҳаргиз фарзанддор нахоҳанд шуд. Онҳо афсурда мешаванд ва бархе аз онҳо худкушӣ мекунанд.”

Худкушӣ на танҳо дар байни собиқадорони ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон, балки куллан дар миёни ҳарбиёни Амрико солҳои охир рӯ ба афзоиш дорад. На танҳо захмҳои
ҷисмонӣ, балки равонӣ низ сабаби худкушии афсарону сарбозон мешавад. Зиёда аз 800 000 сарбозу афсар беш аз як бор ба ин ҷангҳо фиристода шудаанд. Баъзе то чаҳор ва панҷ бор ва ин гунаҳо кам нестанд.

Ба пажӯҳиши Маркази таҳлилии РАНД Корпорейшн 20 дарсади собиқадорон аз бемориҳои зарбаи равонии ҳолати сахт, беназмиҳои аъсоб ва афсурдагӣ ранҷ мебаранд.

Моҳи июли гузашта дар артиши Амрико моҳи рекордии худкушӣ буд. 32 афсару сарбоз худро ба ҳалокат расонданд. Дар соли 2010 худкушӣ дар артиш 20 дарсад афзуда, ба 468 нафар расид. Ин бештар аз теъдоди кушташудаҳои он сол дар ҷангҳои Ироқ ва Афғонистон аст.

Барои фурӯ нишондани хотираҳои ваҳшатзо, ки сарбозон бо худ ба хона меоранд, бисёриҳо рӯ ба машруб ва гоҳе маводи мухаддир меоранд. Шумораи майзадаҳо дар миёни собиқадорон дар панҷ соли гузашта ду баробар бештар шуд. Дар соли 2010 наздик ба 13 000 нафар барои наҷот аз маводи мухаддир ба пизишкон муроҷиат кардаанд.

“КОБУСЕ, КИ ҲАМЕША БО МАН АСТ”

Ненсӣ Шилиро дар ал-Асади Ироқ хидмат кардааст. Дар моҳи феврали соли 2005 ҳангоми таркиш дар хиёбон вай аз ҷабинаш захмӣ ва пас аз сироят аз чашми рости хеш маҳрум гашт. Баъд аз бозгашт ба ватан вай ҳис кард, ки ба уқёнусе аз афсурдагӣ ва ғам фурӯ меравад.

“Ман як зани 25-сола маҷбурам, ки чашмбанд пӯшам, зеро ҷои чашм як сӯрох дорам. Ман аз хона берун

намеравам ва барои қатъи дард бояд ҳамеша бору хӯрам. Аммо ин дору барои дардҳои ҷисмонии ман аст. Маҷбур ба доруҳои дигаре пайвастам, то хашми худро ҳис накунам. Мехоҳам аслан эҳсосе надошта бошам. Мехоҳам аслан фикр накунам ва ҳис ҳам накунам.”

Равонпизишк ва дӯстонаш ба Ширило тавсия доданд, ки ба маҳфили “Дифоъ аз Одиссей”, ки созмони “Ҷанговарони захмӣ” таъсис додааст, ҳамроҳ шавад. Ин гурӯҳ талош дорад, ҷавононеро, ки ба чунин ҳолат афтодаанд, аз бӯҳрон берун кашад ва ба ҷомеа баргардонад. Созмон ба Ширило воқеан кӯмак кард. Вай дар он ҷо имдодеро пайдо кард, ки дар ҷустуҷӯяш буд ва акнун худ ҳамчун узви тозаи созмон ба дигарон ёрӣ мерасонад.

Бо вуҷуди арқому адади нигаронкунанда, зоҳиран ҷомеаи амрикоӣ нерӯ ва тавонеро пайдо кардааст, ки ба захмиёну дармондагон кӯмак кунад. Қариб дар ҳамаи шаҳрҳо созмонҳое монанди “Дифоъ аз Одиссей” фаъолият доранд. Марказҳои кӯмаки телефонӣ 24 соат дар шабонарӯз кор мекунанд, садҳо ҳазор нафар аз пизишкону равоншиносон ба кори ин иттиҳодияҳо ҷалб шудаанд. Ин тобистон хабар нашр шуд, ки теъдоди равоншиносони марказҳои имдод ба собиқадорон 30 дарсад бештар шудааст. Паёми аслӣ ин аст, ки набояд собиқадорон бо дарду андӯҳи худ танҳо ба танҳо ва дар сукут бимонанд.

ВОКУНИШИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Равоншинос Шерӣ Балтер, ки таҷрибаи 20-сола дорад, аз соли 2001 ба ин сӯ дар гурӯҳи кӯмак ба собиқадорони Флорида кор мекунад.

Хонуми Балтер мегӯяд: "Шуморе аз собиқадорон аз талафоти муҳиме ранҷ мебарад. Мумкин аст аз марги ҳамхидмат ё дӯсташ, бурида шудан ё кор накардани ягон узви баданаш, равобиташ бо дигарон ва ҳатто аз бохти ошноёне, ки вай дар майдони ҷанг пайдо кард. Шуморе аз собиқадорони мо аз мӯътодӣ ва нашъамандӣ азият мекашад.”

Вай меафзояд, кобус ва хобҳои бад, қасди худкушӣ низ дар байни собдиқадорон зиёд аст. Балтер ба он ишора мекунад, ки дар тафовут бо ҷанги Ветнам дар ҷангҳои ахир сарбозони амрикоӣ минтақаҳои ғайриҳарбӣ надоштанд ва ҳамеша зери фишор ба сар мебурданд.

Мушиклоти имрӯзаи иқтисодии Амрико низ ба собиқадорон асар мегузорад. Дар ҳоле ки сатҳи бекорӣ расман 9,1 дарсад эълон шудааст, ҳазорон нафар аз собиқадорон наметавонанд, шуғле пайдо кунанд ва аз афсурдагӣ раҳо ёбанд. Садҳо нафар аз онҳо беманзил мемонанд ва рӯ ба сарпаноҳи овораҳои хиёбонӣ мениҳанд. Сахтиҳое, ки собиқадорони бекор рӯбарӯ мешаванд ва дар ҳоле ки теъдоди онҳо аз 1 миллион нафар гузаштааст, ахиран таваҷҷӯҳи Кохи Сафедро низ ба худ кашид. Моҳи гузашта раисиҷумҳур Обама тарҳеро муаррифӣ кард, ки барои собиқадорони ҷанг имтиёзҳои андоздиҳӣ, таҳсили бепул ва дарёфти осони шуғлро тақдим медорад.
XS
SM
MD
LG