Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими ғайриодии сокинони як рустои Қирғизистон


Сокинони як русто дар ҷануби Қирғизистон мегӯянд, аз кори мақомоти интизомӣ ноумед шудаанд ва аз ин баъд парвандаҳои ҷиноиро худашон баррасӣ хоҳанд кард. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сокинони рустои Кенеш дар шаҳри Ӯш охири ҳафтаи гузашта дар нишасти шӯрои маҳалла гуфтаанд, “агар нафаре ҳангоми дуздии чорво ё дигар навъи ҷиноят боздошт шавад, аъмоли ӯро бе дахолати мақомоти интизомӣ гурӯҳи махсуси шӯрои маҳалла баррасӣ хоҳад кард.“ Дар ин нишаст мақомоти расмӣ ва вакилони маҳаллӣ ҳузур доштаанд. Сокинони рустои Кенеш аз он хашмгин шудаанд, ки додгоҳ, як нафар аз дуздони чорвои маҳаллиро бегуноҳ дониста ва озод кардааст. Сокинони ин русто тайи як соли ахир аз дасти дуздони ҳайвоноти хонагӣ ба дод омадаанд.
XS
SM
MD
LG