Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз панҷ низомии НАТО дар Афғонистон


Дар Афғонистон бар асари таркишу ҳамлаҳои рӯзи гузашта панҷ низомии НАТО ба ҳалокат расиданд.

Дар ин бора ҳайати фармондеҳии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон хабар дод. Дар бораи ҳуввияти кушташудагон ва сабабҳои ҳалокати онҳо иттилоъ дода нашудааст.

Ба иттилоъи хабаргузории Ассошиейтед Пресс, дар Афғонистон аз ибтидои моҳи равон 12 низомӣ ва аз аввали сол 335 афсару сарбози хориҷӣ ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG